ДАР БИШКЕК МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

Октябрь 10, 2008 12:13

Маскав 10,  октябр. (АМИТ  "Ховар", Ҳалима Хушқадамова).- 10 октябр дар Бишкек маҷлиси навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев  кушода мешавад. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, ки масъалаи асосии рӯзномаи маҷлис лоиҳаи Барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 мебошад.            Инчунин масъалаи таъини самтҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика дар соли 2009 ба муҳокимаи сарони давлатҳо пешниҳод карда мешавад. Онҳо пешниҳоди Белорусияро дар бораи Соли ҷавонон эълон кардани соли 2009 баррасӣ хоҳад кард. Ҳуҷҷатҳои дигари дар маҷлис муҳокимашаванда ба нақшаҳои рушди минбаъдаи ИДМ дахл дорад.            Яке аз онҳо лоиҳаи низомнома дар бораи  раёсати  Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил мебошад. Низомнома фаъолияти ҳамаҷонибаи ҳайати Раёсати иттиҳодро барои таҳким ва рушди он, афзун гардонидани самараи фаъолияти ИДМ ва  иҷрои ҳатмии вазифаҳои дар доираи ИДМ ба миён гузошташударо пешбинӣ менамояд. Дар маҷлис ҳамчунин таҳрири нави қоидаҳои  интихоби Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва  Шӯрои иқтисодии  ИДМ мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Баъдан  дар бораи  вақт ва маҳалли гузаронидани маҷлиси навбатии Шӯрои  сарони давлатҳои ИДМ ва таъини  раёсати нави он  дар давраи оянда қарор қабул карда мешавад.            Дар маҷлиси мазкур имзои созишнома дар бораи  Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва  наздисарҳадии давлатҳои ИДМ, нақшаи тадбирҳои асосии  ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба нақша гирифта шудааст.            Масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис ба интихоби  Раиси Суди иқтисодии ИДМ, муовини он  ва  мукофотонидани баъзе шахсони мансабдор бо Ифтихорномаи  ИДМ дахл доранд.            Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ лоиҳаи рӯзномаи маҷлиси Шӯрои  сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳо баррасӣ шуданд.            10 октябр дар Бишкек инчунин маҷлиси навбатии Шӯрои байнидавлатии  Ҷомеаи  иқтисодии Евразия баргузор мегардад. Дар он  роҳбарони давлатҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Октябрь 10, 2008 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад