ДАР ИҶЛОСИЯИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРӢ
Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ даъвати сеюм баргузор гардид. Дар оғози кори иҷлосия Суруди Миллиӣ садо дод ва сипас котиботи иҷлосия, комиссия ба ҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назоратии системаи электронӣ интихоб гардиданд. Ҳамчунин аз ҷониби вакилони мардумӣ тартиби инъикоси кори иҷлосия аз тариқи васоити ахбори омма тасдиқ карда шуд. Сипас вакилони мардумӣ ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия, аз қабили «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар хусуси лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиббӣ халқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи муқовимат ба вируси масуният ва бемории норасоии мухассали масуният», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» , «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ». «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, « Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи регистрҳои давлатӣ», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи аз эътибор сокит донистани қонуни РСС Тоҷикистон, «Дар бораи Низомномаи таъмини фаъолияти Депутатҳои РСС Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, « Дар бораи таъмини амнияти сани тариву эпидемиологӣ аҳолӣ», «Дар хусуси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷавори, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати Давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай» шурӯъ намуданд. Баъди баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои ба рӯзномаи иҷлосия воридгардида вакилони мардумӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд. Дар ин бора аз Маркази Маҷлиси намояндагон ба АМИТ "Ховар" иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






