ДАР МАРКАЗИ ҲИСОР МУҶАССАМАИ ҲАБИБУЛЛО НАЗАРОВ ҚОМАТ АФРОХТ
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар, Марзия Саидова).- 14 октябр дар маркази ноҳия Ҳисор дар маросими ботантана парда аз рӯи муҷассамаи яке аз ходимони намоёни давлатию ҷамъиятӣ, шоир ва нависанда Ҳабибулло Назаров (1907-1977) бардошта шуд. Дар ҷамъомади бошукӯҳе, ки бо ин мақсад баргузор гардид, раиси ноҳияи Ҳисор Маҳмадалӣ Очилдӣ, шоирону нависандагони шинохтаи ҷумҳурӣ Мӯъмин Қаноат, Гулрухсор, Муҳаммад Ғойиб, Равшани Ёрмуҳаммад, наздикону пайвандони нависанда ва аҳли ҷамоатчигии ноҳияи Ҳисор ширкат намуда, дар бораи хизматҳои шоёни Ҳабибулло Назаров ва нақши ӯ дар рушди адабиёти муосири тоҷик сухан карданд. Муаллифи муҷассамаи шоир ҳайкалтароши тоҷик Сафарбек Қосимов аст. Бояд тазаккур дод, ки Ҳабибулло Назаров дар баробари шахсияти давлатию ҷамъиятӣ буданаш, дар густариши адабиёти тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Ӯ муаллифи асарҳои «Мирзо Ризо», «Юлдош-командир», «Шарораи дил», «Садоқат», «Саргузашти Сафармахсум» ва ғайраҳо мебошад. Ҳабибулло Назаров тӯли солҳои 1952-1959 ба ҳайси вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 1959-1962 Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намуда, бо адолатпарастии худ дар сафед намудани шахсиятҳои дар замони карахтӣ сиёҳгардида, хусусан шоир Нақибхон Туғрал нақши муассир гузоштааст. Ҳамчунин, имрӯз дар мактаби рақами 6-и зодгоҳи шоир- деҳаи Тӯда, ки номи Ҳабибулло Назаровро дорад, осорхонаи нависанда кушода шуд, ки ҳикоятгари фаъолият ва рӯзгори пурбаракати ин марди фидокор ва соҳибмаърифат аст.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






