ДАР СУҒДУ ПАНҶ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӣ КУШОДА МЕШАВАД

Октябрь 27, 2008 16:46

               Душанбе, 27 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Дар бораи ба қайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи омори давлатӣ», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ» аз масъалаҳои умдае буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат 27 октябр баррасӣ шуданд.               Раисони Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат Абдураҳмон Азимов, Мирзошариф Исломиддинов, Маҳбуба Нуриддинова, Гулчеҳра Бозорова, Акрамшо Фелалиев ва Сафаралӣ Раҷабов роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида, ибрози назар намуда, муҳимияти онҳоро шарҳ доданд.               Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», «Оид ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», Дар хусуси тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридан андозҳо аз даромад ва сармоя муҳокима гардиданд.

Октябрь 27, 2008 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид