ДАР ТОҶИКИСТОН СТАНСИЯИ ТУХМИСАНҶИ ВА БОНКИ

Октябрь 25, 2008 11:04

               Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 23 октябр вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қосим Қосимов бо намояндаи Барномаи «Sida» Питер Хертелиус ва профессори Донишгоҳи аграрии Шветсария Арнулф Меркер мулоқот кард. Дар мулоқот рафти амалишавии Барнома дар Тоҷикистон ва корҳои анҷомдода мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо мақсад гузоштанд, ки барои рушди соҳаи тухмипарварӣ, ташкил намудани Бонки тухмиҳои аълосифат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунанд.                Питер Хертелиус ва Арнулф Меркер оид ба ҳамкориҳои дутарафа мулоҳизаҳои хешро байён намуда, барои дар ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани стансияи тухмисанҷӣ ва ҷалб намудани ҷавонон ба донишгоҳи аграрии Шветсария таклиф пешниҳод карданд.                Ёдовар мешавем, ки Барномаи мазкур аз соли 2003 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ гардида, дар рушди соҳаи тухмипарварӣ саҳми арзанда дорад. Ҳадафи асосии он аз ташкил намудани системаи тухмипарварӣ мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмиллалӣ ва таъмини тухмии хушсифати навъҳои беҳтарини растаниҳо мебошад.              Ҳамкории Барнома бо Комиссияи давлатии навъсанҷӣ ва ҳифзи навъ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, карантини растаниҳо ва тухмӣ, инчунин, бо 4 хоҷагии тухмипарварии пилотӣ, аз ҷумла хоҷагии ба номи «Мукаррамов»-и ноҳияи Исфара, хоҷагии ба номи «Муродов»-и ноҳияи Ҳисор, хоҷагии «Кӯлоб»-и ноҳияи Вахш ва хоҷагии ба номи «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб хуб ба роҳ монда шудааст.   

Октябрь 25, 2008 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид