ДАР ТОҶИКИСТОН ВАЗЪИ ОЗОДИИ МАТБУОТ НИСБАТ БА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗИ БЕҲТАР АСТ

Октябрь 22, 2008 10:53

               Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Созмони байналмилалии хабарнигорони бидуни марз дар гузориши имсолаи худ сатҳи озодии матбуот дар Тоҷикистонро беҳтарин дар Осиёи Марказӣ номидааст.               Дар гузориши имсолаи Созмони байналмилалии хабарнигорони бидуни марз кишварҳо мувофиқи сатҳи озодии матбуот радабандӣ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин радабандӣ аз байни 173 кишвар мақоми 106-ро касб кардааст, ки ин болотарин мақом дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Дар ин радабандӣ Қирғизистон дар мақоми 111-ум, Қазоқистон — 125-ум, Ӯзбекистон — 162-ум ва Туркманистон — 171-ум ҷойгир шудаанд.               Дар гузориши Созмони хабарнигорони бидуни марз Исландия аз нигоҳи озодии матбуот дар мақоми аввал ҷойгир шудааст.              Маврид ба зикр аст, ки таҳиягарони ин гузориш кишварҳои Балкан, аз қабили Словения ва Боснияро болотар аз ИМА қарор дода, Русияву Беларусро дар зинаҳои 141-ум ва 154-ум муайян кардаанд.              Ёдовар мешавем, ки гузориши Созмони хабарнигорони бидуни марз соле як маротиба нашр мешавад ва Тоҷикистон соли гузашта дар гузориши ин созмон дар мақоми 115-ум қарор дошт.

Октябрь 22, 2008 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд