ФАЪОЛИЯТИ 9 ДЕГХОНАИ ГАРМИДИҲИИ ҶУМҲУРИ БАРҚАРОР МЕГАРДАНД

Октябрь 20, 2008 10:54

                 Душанбе, 20 октябр. (АМИТ Ховар», Марзия Саидова).- Аз ҷониби муассисаҳои тобеи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ҷумҳурӣ барқарорсозии 9 адад дегхонаи гармидиҳӣ пешбинӣ шудааст. Назар ба гуфти директори генералии корхонаи мазкур Раҳмат Бобокалонов бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати молияи кишвар аз ҳисоби маблағҳои Бонки Ҷаҳонӣ барқарорсозии дегхонаҳои аз фаъолият бозмондаи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат ва хатҳои магистралии бунгоҳи гармидиҳии марказии Ёвон пешбинӣ ва ба нақша гирифта шудааст.                 Ҳамчунин Раҳмат Бобокалонов афзуд, ки дар ин давра дар шаҳри Хуҷанд ду дегхонаи беморхонаҳо аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ барқарор карда шуданд. Дар шаҳри Қайроқум барқарорсозии як дегхона аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон барқарорсозии ду дегхона аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ шудаанд, ки корҳои барқарорсозӣ дар марҳиллаи анҷомрасӣ мебошанд.

Октябрь 20, 2008 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад