ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОНИ ХОРИҶИИ ДИНИИ «ШОҲИДОНИ ЯҲВО» МАНЪ КАРДА ШУД

Октябрь 2, 2008 15:21

Душанбе, 2 октябр. (НИАТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе баррасии парвандаи шаҳрвандии нисбати созмони динии амрикоии «Шоҳидони Яҳво» кушодашуда дар масъалаи дастгир шудани адабиёти ди-нии ин созмон дар ҳаҷми қариб 500 ҳазор нусха аз тарафи мақомоти амнияти миллӣ, хадамоти гумрук ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид. Бояд гуфт, ки ин созмони динӣ барои риоя накардани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ин чандин маротиба огоҳонида шуда, фаъолияти он ба мӯҳлати се моҳ боздошта шуда буд. Сарварону пайравони равияи динии «Шоҳидони Яҳво», ки асосан аз хориҷи кишвар кӯмаку дастгири мегиранд, тӯли солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ғайриқонунӣ ба паҳн намудани адабиёти динии барои мардуми мо бегона ва ташвиқу тарғиби ақидаҳои барои мафкураи сокинони маҳаллӣ хатарноки ифроти машғул буданд. Аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки суди ҳарбии гар-низони шаҳри Душанбе даъвои созмони динии «Шоҳидони Яҳво»-ро ҳаматарафа бар-раси карда бо назардошти хавфу хатари фаъолияти он барои ҷомеа ва амнияти давлатӣ даъвои онро рад намуд ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2007 оид ба манъ карда шудани фаъолия-ти «Шоҳидони Яҳво» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгири кард.

Октябрь 2, 2008 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид