ГУЛ ШЕРАЛИ: «ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТИ МЕАФЗОЯД»

Октябрь 27, 2008 09:41

              Душанбе, 24 октябр (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 97,5 фоиз ва дар миқёси корхонаҳое, ки бо вазорат дар асоси шартонамаҳои дуҷониба фаъолият доранд бе хизматҳои пӯлакӣ 103,2 фоиз, якҷоя бо кору хизматҳои пулакӣ 104,6 фоизро ташкил дод. Дар ин бора зикр кард дар нишасти матбуотии натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷори вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ.             Камшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар миқёси ҷумҳурӣ асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати алюминии Тоҷик»-66,1 миллион сомонӣ, ШСХК «Барки Тоҷик» -63,1 миллион сомонӣ, КВД «Тоҷиксемент» — 28,4 миллион сомонӣ, корхонаҳои пахтатозакунӣ -91,7 миллион сомонӣ ба амал омадааст.            Дар таркиби маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи маталлургияи ранга -43,1 фоиз, саноати хӯрокворӣ -19,6 фоиз, саноати сабук- 9,3 фоиз, сӯзишворию энергетикӣ -11 фоиз, саноати масолеҳи сохтмон — 4,9 фоиз, мошинсозӣ ва коркарди фулузот ва кимиё- 4,3 фоизро ташкил дод.             Дар тӯли 9 моҳ аз ҳисоби фаъолияти истеҳсолкунандагони хурду инфиродӣ дар соҳаи коркарди металл ба маблағи 3012,4 ҳазор сомонӣ, дар соҳаи коркарди чӯб ба маблағи 8563,4 ҳазор сомонӣ, саноатӣ маводи сохтмон 12576,9 ҳазор сомонӣ, саноати сабук 6311,4 ҳазор сомонӣ ва дар соҳаи хӯроковорӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 651,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, афзуд дар хотма Гул Шералӣ.

Октябрь 27, 2008 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад