ИСТЕҲСОЛИ МАСУЛОТ ДАР ҶУМҲУРИ РУ БА АФЗОИШ

Октябрь 22, 2008 15:40

            Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 9 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд шудааст. Боркашонӣ дар тамоми намудҳои нақлиёт 19,8 фоиз, хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 19,9 фоиз афзудааст, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини аввали раиси Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтия Муҳаммадиева.             Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ аксари корхонаҳои саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маҳсулоти зиёд истеҳсол кардаанд. Аз ҷумла, ангишти бӯр, ангиштсанг, нафт, мазут, истеҳсоли трансфарматорҳои барқӣ, маснуотӣ фулузӣ ва пластикӣ, аммиаки синтетикӣ, нуриҳои маъданӣ, пойафзоли резинӣ, маводи деворбоб, газвориҳои пахтагин ва абрешимӣ, пойафзол, ҳасиб, консерва, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва сигор, зиёд истеҳсол шудааст.            Дар ин муддат афзоиши нархҳои истеъмолии молҳои озукаворӣ, аз ҷумла биринҷ, пиёз, шир, гӯшт, консерваҳои сабзавотӣ, орд, нахӯд, мош, қаймоқ, шарбатҳои мевагӣ ва сабзавотӣ, моҳии зинда, гӯшти мурғи хонагӣ, маҳсулоти макаронӣ, шакар, конфетҳои шоколадӣ, оби маъданӣ, картошка, чой ва арақ ба назар мерасад. Зимнан нархи ангур, себ, кабудӣ, равғани пахта ва тухм арзон шуд.

Октябрь 22, 2008 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст