ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ГАЗУ БАРҚ 80 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҚАРЗДОРАНД
Хӯҷанд, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Муовини аввали прокурори вилояти Суғд, иҷрокунандаи вазифаи прокурори вилоят Музаффар Боқиев дар ҷараёни нишасти матбуотии бахшида ба натиҷаҳои 9 нӯҳ моҳи соли равон зикр намуд, ки қарзи истифодабарандагони қувваи барқ дар миқёси вилоят то 1 сентябр ба 80,8 миллион сомонӣ расид. Аз ин маблағ 7,5 миллион сомонӣ қарзи аҳолӣ ва 73,3 миллион сомонӣ қарзи корхонаю муассисаҳо мебошад. Инчунин қарзи гази табиии истифодашуда низ дар вилоят хеле калон аст. Қарзи умумии гази истифодашуда то 1 сентябр 45,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин муддат дар натиҷаи дахолати мақомоти прокуратура аз ҳисоби андоз ва боҷи гумруки пардохтанашуда 9,8 миллион сомонӣ ба хазинаи давлат бар гардонида шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






