КАМШАВИИ БОРКАШОНӢ ДАР РОҲИ ОҲАН
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳини ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар корхонаи воҳиди давлати (КВД)-и «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз кам шудани ҳаҷми боркашонии нақлиёти роҳи оҳан сухан рафт. Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми боркашонии роҳи оҳан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169,9 ҳазор тонна кам шудааст. Дар ин муддат тавассути нақлиёти роҳи оҳан 9347,9 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2007- 98,2 фоизро ташкил медиҳад. Хаҷми боркашонӣ дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Суғд-6795,4 ҳазор тонна, дар қитъаи душанбегии роҳи оҳан дар якҷогӣ бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-2219,2 ҳазор тонна ва дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Хатлон-133 ҳазор тонна ё баробари 3,6 фоиз бор кашонида шудааст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






