КАНОРАГИРӢ АЗ ШАРТНОМАҲОИ МЕҲНАТӢ
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Афзоиши маблағи қарздорӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 6 миллиону 464 ҳазор ва дар 9 моҳи соли ҷорӣ қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат боз бештар гардид. Қарзи аз ҳама зиёди музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ боқӣ монда, он ба 14 млн. 286 ҳазор сомонӣ ё худ ба 67,8 фоизи қарзи умумӣ баробар мебошад. Яке аз сабабҳои асосии сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаи кишоварзӣ ин баста нашудан ё иҷро нагардидани бандҳои шартномаҳои меҳнатӣ аз ҷониби корфармоён мебошад. То 1 сентябри соли 2008 дар ҷумҳурӣ аз 36089 корхона ва ташкилоту муассисаҳо танҳо 24,9 фоизашон ( 8972) бо коргарон шартнома ва созишномаҳои меҳнатӣ доранд. Бо мақсади ба низом даровардани вазъи пардохти музди меҳнат Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Дастуруламал «Оид ба пардохти музди иловагӣ ҳангоми ба таъхир афтодани музди меҳнат бо айби корфармо» таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешкаш намуд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






