КОРКАРДИ МЕВАЮ САБЗАВОД ДАР МИНТАҚАИ РАШТ БА ГУСТАРИШ НИЁЗ ДОРАД
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Чанде қабл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои водии Рашт сурат гирифт. Дар ҷараёни ин сафар Сарвари давлат бо натиҷаҳои басо пурарзиш баҳри таъмини рушду нумӯи минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии ин минтақа ошно гардид. Умуман, дар ин минтақа имсол ҳосили фаровони картошка ва мева, аз ҷумла себу нок зардолу ва чормағз боиси хушҳоливу қаноатмандии мардум гардидааст. Деҳқонони хоҷагиҳо ният доранд, ки аз ҳар гектар 420 сентнерӣ ҳосил гиранд. Раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» имрӯз вазъи коркарди корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот дар ин минтақаро дар сатҳи на он қадар хуб арзёбӣ кард. Фаъолияти корхонаҳои ин ноҳия аз нарасидани барқ каме танқисӣ мекашанд. Бинобар ин, барои боз ҳам пурқуват кардани ин корхонаҳои коркарди меваю сабзавот бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд, зеро соли ҷорӣ коркарди меваю сабзавод дар ин минтақа хеле дар сатҳи паст қарор дорад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






