КОРМАНДОНИ БОНКҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИМА ТАҶРИБА ОМӮХТАНД

Октябрь 4, 2008 11:37

             Душанбе, 4 октябр. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- 10 нафар мутахассиси бонкҳои Тоҷикистон аз сафари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргашт. Онҳо дар давоми се ҳафта дар бонкҳои калонтарини ин мамлакат таҷриба омӯхтанд. Намояндагони Тоҷикистон дар ин муддат дар хонаҳои сокинони Амрико зиндагӣ карда, бо онҳо аз наздик шинос шуданд .            Ба мутахассисони тоҷик имкон дода шуд, ки бо фаъолияти бонкҳои калонтарини ИМА ва муассисаҳои дигари молиявии Вашингтон шинос шаванд. Онҳо ҳамчунин бо мутахассисон ва мизоҷони бонкҳо ҳамсӯҳбат гардиданд.Ин сафар ба мутахассисони бонкҳо имкон дод, ки таҷрибаи ҳамкасбони амрикоии худро омӯхта, доираи донишу малакаи кориашонро васеътар намоянд. Онҳо зикр намуданд, ки таҷрибаи беҳтарини зимни сафар омӯхтаашоро дар ҷараёни кор истифода хоҳанд бурд.

Октябрь 4, 2008 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад