М. НЕЪМАТОВ: «ДАСТОВАРДҲОИ ВАРЗИШГАРОНИ ҶУМҲУРИ НАЗАРРАС АСТ»
Душанбе, 14 октября. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар асоси нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 53 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 7076 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Ин нуқтаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов 14 октябр зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд. Маликшо Неъматов таъкид кард, ки варзишгарони тоҷик дар 21 чемпионати ҷаҳонӣ ва Осиё ширкат варзида, 46 медали тилло, 50 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ, ҷамъ 162 медал ба даст оварданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тай солҳои охир дар якчанд намудҳои варзиш, аз қабили бокс, самбо, гуштини тарзи озод теъдоди доварони сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, барои рушди ин намудҳои варзиш мусоидат мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






