МАБЛАҒГУЗОРИИ РОҲҲО ВА НБО-ҲО РУ БА АФЗОИШ
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз рӯи маълумоти Кумитаи омори ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз маблағгузориҳо дар сохтмон аз рӯи ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ зиёд шуда истодааст. Дар иншооти муҳими давлатӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз ҷумла, ҳаҷми маблағгузорӣ дар нақби автомобилгарди «Истиқлол» дар моҳҳои январ — сентябри соли 2008-ум 12,4 миллион сомонӣ, дар нақби автомобилгарди «Шар — Шар» 39,2 миллион сомонӣ, дар НБО — и «Сангтӯдаи — 1» ҳаҷми азхудкунии инвеститсияҳо сохтмон ва таҷдид ба 532 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар НБО — и «Роғун» 50,7 миллион сомонӣ, дар роҳи автомобилгарди «Душанбе — Чаноқ» 282,9 миллион сомонӣ инвеститсия истифода шудааст. Таҷдиди роҳи автомобилгарди мазкур асосан аз ҳисоби қарзҳои хориҷӣ ба амал бароварда шудаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






