МАСОҲАТИ НОКИФОЯИ ГАРМХОНАҲО

Октябрь 28, 2008 10:44

               Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар мавсими зимистон ва баҳори соли 2008 масоҳати кишти сабзавот дар гармхонаҳо 40 гектарро ташкил дод.              Дар ин муддат дар вилояти Суғд агар аз 20 гектар гармхонаҳо истифода шуда бошад, дар вилояти Хатлон, ки калонтарин ва сернуфузтарин вилояти ҷумҳурӣ мебошад, аз 13 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 7 гектар гармхонаҳо истифода намуданд. Ҳосили сабзавоти гармхонаҳо дар зимистони соли гузашта барои таъмини аҳолӣ нокифоя дониста шуд.              Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зиёд кардани масоҳати гармхонаҳо дар тирамоҳ ва зимистони соли 2008- 2009 дар назди роҳбарони шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои нав гузошт. 

Октябрь 28, 2008 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад