МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРИИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОССИЯ АЗ 3 БА 10 РУЗ ТАМДИД

Октябрь 27, 2008 10:01

                  Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бояд имконоти Мақомоти қонунгузории Федератсияи Россия ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва нисбати онҳо то 10 шабонарӯз тамдид намудани мӯҳлати ба хадамоти муҳоҷират хабардиҳии 3 рӯза сафарбар карда шавад»,- чунин пешниҳод кард зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов. Ба андешаи раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ин раванд метавонад тамоюли муҳоҷирати ғайрирасмиро коҳиш дода, сатҳи муносиботро дар ин самт байни ду кишвар баланд бардорад.                     Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва сафарбаргаштани иқтидори мақомоти қонунгузории ҳар ду давлат ҷиҳати ташкили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, ки аз сиёсати сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия бар меояд ва ин институти ҷадиди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ саҳми босазо дар татбиқи ҳадафҳои созанда мегузорад, изҳори қаноатмандӣ карданд.                    Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки натиҷагирӣ аз мониторинги доимӣ аз фаъолияти Форумҳои қаблӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ карда шаванд.                   Ҳамзамон пешниҳод шуд, ки потенсиали Форум- ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ барои ташкили заминаҳои омӯзиши забони русӣ, тенологияҳои муосири русасос ва азбаркунии тахассусҳои ҷавобгӯи бозори меҳнати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва дар сатҳи робитаҳои ҳасанаи иқтисодию фарҳангӣ баланд бардоштани дараҷаи муносибатҳои гуманитарии Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шавад.                  Сергей Миронов пешниҳоди ҳамтои худро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки таҷриба ва роҳандозии имконоти муносибатҳои байнипарлумонӣ, ки дар сатҳи муваффақ қарор дорад, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мусоидат хоҳад кард. Ва дар ин самт тадбирҳои мушаххас ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Октябрь 27, 2008 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад