МУҲЛАТИ БАҚАЙДГИРИИ ТОҶИКОН ДАР РОССИЯ БА 10 РУЗ ТАМДИД МЕШАВАД

Октябрь 28, 2008 10:33

               Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бояд имконоти Мақомоти қонунгузории Федератсияи Россия ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва нисбати онҳо то 10 шабонарӯз тамдид намудани мӯҳлати ба хадамоти муҳоҷират хабардиҳии 3 рӯза сафарбар карда шавад»,- чунин пешниҳод кард зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов. Ба андешаи раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ин раванд метавонад тамоюли муҳоҷирати ғайрирасмиро коҳиш дода, сатҳи муносиботро дар ин самт байни ду кишвар баланд бардорад.              Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва сафарбаргаштани иқтидори мақомоти қонунгузории ҳар ду давлат ҷиҳати ташкили заминаи ҳуқуқии робитаҳо, ки аз сиёсати сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия бар меояд ва ин институти ҷадиди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ саҳми босазо дар татбиқи ҳадафҳои созанда мегузорад, изҳори қаноатмандӣ карданд.               Инчунин, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр сохт, ки натиҷагирӣ аз мониторинги доимӣ аз фаъолияти Форумҳои қаблӣ ба таври доимӣ роҳандозӣ карда шаванд.              Ҳамзамон пешниҳод шуд, ки потенсиали Форум- ҳамчун институти нави муносибатҳои байнипарлумонӣ барои ташкили заминаҳои омӯзиши забони русӣ, тенологияҳои муосири русасос ва азбаркунии тахассусҳои ҷавобгӯи бозори меҳнати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва дар сатҳи робитаҳои ҳасанаи иқтисодию фарҳангӣ баланд бардоштани дараҷаи муносибатҳои гуманитарии Федератсияи Россия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шавад.              Сергей Миронов пешниҳоди ҳамтои худро ҷонибдорӣ намуда, гуфт, ки таҷриба ва роҳандозии имконоти муносибатҳои байнипарлумонӣ, ки дар сатҳи муваффақ қарор дорад, барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо мусоидат хоҳад кард. Ва дар ин самт тадбирҳои мушаххас ба анҷом расонида хоҳанд шуд.

Октябрь 28, 2008 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид