МУҲОКИМАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИ БАРОИ СОЛИ 2009 ДАР ПАРЛУМОН ОҒОЗ ЁФТ

Октябрь 23, 2008 10:07

              Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони мамлакат оғоз ёфт.             Дар ҷаласаҳое, ки дар кумитаҳои иқтисод, буҷет, молия ва андоз, оиди масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, ҳифзи сиҳатӣ ва экология ва Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон доир гардид, лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 муҳокима гардид.             Иштирокдорони ҷаласаҳо ва гурӯҳи корӣ таклифу эродҳои Кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро баррасӣ намуданд. Онҳо, зикр карданд, ки аз ҷониби Кумитаҳои мазкур як қатор таклифу эродҳо дар мавриди ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои табобати санаторӣ-курортӣ, андозаҳои ҷубронпулии роҳхатҳо ба ветеранҳои ҷанг, риояи таносуби ҷудо кардани маблағҳо барои дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, пешбинии маблағҳо барои амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард, дар буҷети давлатӣ нишон додани ҳаҷми маблағҳо барои таҳсилоти умумӣ, истифодаи самараноки маблағҳо барои баланд бардоштани маоши муаллимон ва ғайраҳо пешниҳод гардидааст.           Муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» дар Кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон идома дорад.

Октябрь 23, 2008 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид