МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РТ Э. РАХМОН БО ШОҲЗОДА ГЕРЦОГ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Шоҳзода Герцог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва роҳҳои густариши муносибатҳои минбаъдаи Тоҷикистону Британияи Кабир баррасӣ шуд. «Муносибатҳо бо кишварҳои Аврупо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст», — изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд: «дар доираи ин сиёсат мо ба рушди пайвастаи робитаҳо бо Британияи Кабир манфиатдорем». Густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ бо Тоҷикистон барои Британияи Кабир бисёр муҳим аст», — изҳор дошт дар посух Герцог Йоркский. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумати Британияи Кабир баҳри расондани кӯмак ба кишвари мо дар бартараф намудани оқибатҳои зимистони шадиди гузашта арзи сипос намуд.Ҷонибҳо аз рушди робитаҳои байни ду кишвар дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳо барои густариши бештари ҳамкориҳо хеле зиёданд. Доир ба ташкил ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар соҳаҳои энергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, туризм ва ғайра гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Ҳамгироиҳои муштарак дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва мубодилаи иттилоот оид ба авзои Афғонистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ маънидод гашт. Мусоҳибон ҳамчунин атрофи равобити фарҳангӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ намуданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






