МУЛОКОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО РАМАЗОН АБДУЛАТИПОВ

Октябрь 21, 2008 11:56

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.        Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти татбиқи санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки байни Тоҷикистону Россия баста шудаанд, аз ҷумла тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон ҳосилшуда баррасӣ гардид. Мусоҳибон аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-1 ва ҳамгироиҳои сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки татбиқи санадҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба азхудкунии захираҳои обию энергетикӣ ва нафту гази Тоҷикистон бояд тезонда шавад.  Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва омодагӣ ба Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки рўзҳои 24 ва 25 — уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугў сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Октябрь 21, 2008 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид