МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОН БО СОИРИ КИШВАРҲОИ ХОРИҶИ ТАВСИА МЕЁБАД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 15 октябр дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус дар бораи андози арзиши иловашуда, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда мепардозанд, тасдиқ гардид. Ин санад 18 апрели соли 2008 дар пойтахти Беларус шаҳри Минск ба имзо расида, аз дебоча ва чор модда иборат аст. Созишнома дар рушди муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Беларус нақши муассир мегузорад. Вакилони палатаи поёнии парулмони мамлакат ҳамчунин Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи рафту омади бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Шартнома дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодии Евразияро тасдиқ намуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






