НАМОИШИ ФИЛМҲОИ ТОҶИИ ДАР ҶАШНВОРАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДИДОР»
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, пеш аз зӯҳр дар толори Маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон филмҳои «Ман тавонистам «не» гӯям» бо забони тоҷикӣ ва «Иллюзия» бо забони русӣ намоиш дода шуданд. Филми «Ман тавонистам «не» гӯям»-ро коргардони маъруфи тоҷик Озод Маликов таҳия намудааст, ки роҷеъ ба тарзи зисту зиндагонӣ ва азобу машақати занони бешавҳар ва фарзандони онҳо ҳикоят мекунад. Дар филм бевазане соҳиби ду духтар аст, ки агар чизе ба духтари калонӣ харад наметавонад онро ба духтари дуюмаш низ харидорӣ кунад. Аз ин хотир, миёни духтарон барои ба дарс пӯшида рафтани костюме, ки ба духтари калонӣ харида буд, ҷангҷол мешавад. Духтари калонӣ аз ин ҳодиса ба вазъи ногувор омада, барои пайдо намудани пул розӣ мешавад, ки чи коре бошад иҷро кунад. Духтар бо тавсияи ҳамдарсаш қариб ба корҳои ношоистае даст занад, вале ӯ дар ҳол насиҳатҳои модарашро ба ёд меораду худро ба даст мегирад ва ба хулосае меояд, ки бигзор бо либосҳои кӯҳна ба дарс раваду аз ҳар гуна балоҳои замона эмин бошад. Дар филми «Иллюзия», ки онро коргардони тоҷик Маҳмадалӣ Муҳаммадиев таҳия намудааст, ҳаёти имрӯзаи донишҷӯён ва саргузашти ғамангези зани тоҷик, ки фарзандаш барои дарёфти нон аз хона баромада дигарбора бар нагаштааст, инъикос ёфтааст. Маврид ба ёдоварист, ки филмҳои мазкур аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ шуда, дар ҷамъбасти озмуни филмҳои тоҷикӣ кадом ҷойро ишғол кардани онҳо муайян мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки имрӯз соати 13:15 филми «Пайванди шикаста» дар таҳияи М. Маннон намоиш дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






