НИШАСТИ РОҲБАРОНИ ХАБАРГУЗОРИҲОИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲИ ДАР ТЕҲРОН

Октябрь 28, 2008 14:20

             Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Аз 2 то 5 ноябри соли равон дар пойтахти Эрон -шаҳри Теҳрон нахустин иҷлосияи раисони хабаргузориҳои миллии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории иқтисодӣ /СҲИ/(ЭКО) баргузор мегардад. Дар ин нишаст Ҷумҳурии Тоҷикистонро директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсиддинов намояндагӣ менамояд.             Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Алиризо Ороста, дар нахустин иҷлосияи роҳбарони хабаргузориҳои миллии давлатҳои аъзои СҲИ масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкориҳо, бахусус табодули иттилоот миёни хабаргузориҳо, андӯхтани таҷрибаи ҳамдигар ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи раисони хабаргузориҳои давлатҳои аъзои ин созмони мӯътабар баррасӣ мегарданд. Дар назар аст, ки дар анҷоми нахустин иҷлосия раисони хабаргузориҳои миллии давлатҳои аъзои СҲИ санади муҳими ҳамкорӣ ба имзо расонанд.            Инчунин, тибқи барномаи иҷлосия иштирокдорони он аз ҷойҳои таърихию фарҳангии Эрон дидан менамоянд.            Бояд зикр кард, ки даҳ давлати ҷаҳон- Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва Туркия аъзои ин Созмони бонуфуз буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 1993 ба узвияти            СҲИ пазируфта шудааст. Кароргоҳи СҲИ шаҳри Теҳрон аст.

Октябрь 28, 2008 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд