НОРАВШАНӢ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, то 20 октябр дар хирманҳои қабули пахтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 ҳазору 583 тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин баробари 46,6 фоизи ҷамъоварии пахтаи солона мебошад. Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Ҳисор беҳтар ташкил карда шудааст. Ноҳияи Ҳисор аз 11 ҳазору 600 тонна пахтаи дар дурнамои истеҳсолӣ нишон додашуда, 6140 тонна ва дар ноҳияи Ваҳдат аз 6350 тонна 3851 тонна пахта ҷамоварӣ када шудааст, ки ин баробари 60,6 фоизи ҷамъоварии умумии пахта мебошад. Дар ноҳияҳои боқимонда суръати ҷамъоварӣ боз ҳам пасттар аст. Бо чунин суръат ҷамъоварии 48 ҳазору 500 тонна пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷукмҳурӣ то охири мавсим норавшан боқӣ мемонад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






