ОСИЁИ МАРКАЗИ МИНТАҚАИ ОЗОД АЗ ЯРОҚИ ҲАСТАИ БОҚИ МЕМОНАД
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо» аз масъаалаҳое буданд, ки дар маркази диққати аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат қарор доштанд. Роҷеъ ба масъалаҳои зикргардида, Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Азимов, Акрамшо Филолиев, Мирзошариф Исломиддинов ва Абдуманнон Холиқов ибрози назар карданд. Онҳо зикр сохтанд, ки қабули қонунҳои мазкур ба таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа ва беҳдошти вазъи иҷтимоии табақаҳои гуногуни аҳолӣ мусоидат менамоянд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит намудани Фармони Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Додситонии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин Дар бораи Пртокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва додани иҷозатномаҳои махсус барои интиқоли ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, эталонҳо, воситаҳои ченкунӣ ва намунаҳои стандартӣ, ки бо мақсади тафтиш ва аттестатсияи метрологӣ, интиқол дода мешаванд аз 10 феврали соли 1995 ва дар хусуси Аҳднома оид ба минтақаи озод аз яроқи ҳастаӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






