ПАРЛУМОНҲОИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ҲАМКОРИРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

Октябрь 21, 2008 14:46

                Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзҳои 24-25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд Форуми сеюми байнипарлумонии Тоҷикистону Русия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор мегардад.Форум таҳти ҳамраисии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Сергей Миронов ҷараён мегирад. Инчунин, Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вадим Густов, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Мамадшо Илолов, сардори Раёсати таъминоти ҳуқуқии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия П. Смагина ва дигарон маърӯза мекунанд.              Дар доираи Форуми байнипарлумонӣ вохӯрию мулоқоти доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор мегардад, ки дар он масъалаҳои тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамзамон баргузории мизҳои мудаввар дар мавзуҳои «Раванди танзими ҳуқуқии муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Рушди робитаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ» ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, ба имзо расонидани Созишномаҳои ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавӣ, вилоятҳои Тоҷикистон бо субъектҳои марбутаи Федератсияи Русия дар назар аст.  

Октябрь 21, 2008 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид