ПЕШРАВИҲОИ СОХТМОНЧИЁНИ ҶУМҲУРӢ

Октябрь 20, 2008 11:36

              Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он директори агентӣ Абдувалӣ Комилов дар бораи бурду бохти агентӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ва нақшаву вазифаҳои он дар соли оянда маълумот дод.              Мавсуф аз ҷумла, зикр намуд, ки дар давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯию тадқиқотӣ беш аз 6,2 миллион сомониро ташкил дод , ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007-ум 2,3 миллион сомонӣ бештар аст.             Мутахассисони агентӣ дар ин муддат лоиҳаи бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, азавсозии Боғи истироҳатии «Пойтахт-80», бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе, ду бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Спортивная пойтахт, таъмири театри ба номи М.Назаров дар шари Хоруғ, сохтмони Донишгоҳ ва хонаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар ноҳияи Данғара, сохтмони Кохи Ҷавонон дар шаҳри Хоруғ, барқароркунӣ ва таҷҳизонидани бинои Донишгоҳи далатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, ду бинои истиқоматии 2-ошёнаи 20-ҳуҷрагӣ воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол ва ғайра. Дар охир, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба саволҳои сершумори худ аз масъулини агентӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Октябрь 20, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд