ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ ДАР ИФТИТОҲИ ФОРУМИ 3-ЮМИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ «ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ифтитоҳи Форуми 3-юми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар форуми мазкур шумораи зиёди сиёсатмадорон намояндагони палатаҳои болоӣ ва поини парлумонҳои ду кишвар, маъмуриятҳои минтақавӣ ва доираи васеъи соҳибкорони Тоҷикистону Россия иштирок намуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар, ки дар соҳаи иқтисод ва савдо рушди бонизом касб намудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард. Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти мол байни Тоҷикистону Россия дар 5 соли охир се баробар афзуд ва имрӯз сарчашмаи 60 дар сади тамоми инвеститисияҳои хориҷииТоҷикистон аз Россия аст. Аз густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир карда шуд, зеро ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон бо наздики 80 минтақаи Россия робитаҳои судбахши мустақим дорад.Ҳамзамон бо ин Сарвари давлати Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имконоти аз истифодаи тарафҳо дурмондаи ҳамкории иқтисодӣ ҳанӯз хеле зиёданд «пеш аз ҳама дар азхудкунии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран». Ба гуфти ӯ бисёр лоиҳаҳои калонҳаҷму пурманфиат мунтазири сармоягузорони хориҷӣ аст ва иштироки сармояи Россия дар онҳо дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар ва минтақа хоҳад буд. Дар ифтитоҳи форум ҳамчунин Раиси Шӯрои федеролии Федератсияи Россия Сергей Миронов низ суханронӣ карда, устувории мавқеи сиёсии кишвари худро баҳри рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва пеш аз ҳама ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуд. Сергей Миронов густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран аз самтҳои афзалиятнок маънидод кард. Аз ҷониби ӯ ба нақши Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муттаҳидсозии имконоти муштарак дар доираи ИДМ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.








Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд






