ПУШТИБОНИИ ВАКИЛОН АЗ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБИ ВА КОРМАНДОНИ СОХТОРҲОИ ҚУДРАТИ
Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни баррасии лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар пешниҳод карданд, ки аз рӯи имкон андозаи ҷубронпулии ҳармоҳа ба ивази озуқаворӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони сохторҳои қудратӣ, ки дар лоиҳаи буҷети соли 2009 маблағи он 35 сомонӣ нишондода шудааст, ба 50 сомонӣ расонида шавад. Инчунин, вакилон ва гурӯҳи корӣ як қатор таклифу пешниҳоди дигарро ба мисли танзими андоз ва андозбандӣ аз фурӯши чакана, муаяйн кардани ҷубронпулӣ барои хоҷагиҳое, ки аз ҷойҳои хавфнок кӯчонида мешаванд, дастгирии саноатчиёни ҷумҳурӣ, бо назардошти баландравии эҳтимолии нархи маводи озуқа дар бозори ҷаҳонӣ зиёд намудани маблағгузории фонди захираи давлатӣ ва ғайраро баррасӣ карданд. Дар ҷаласа, ки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок доштанд ба саволҳои сершумори вакилон атрофи пешниҳоду дархостҳои зикргардида, посухҳои мушаххас дода, онҳоро ба эътибор гирифтанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






