РАВОБИТИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ЛАҲИСТОНРО ВУСЪАТ ДОДАН МУМКИН АСТ

Октябрь 4, 2008 11:36

            Душанбе, 4 октябр. ( АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо муовини раиси Палатаи муштараки Лаҳистону Туркия дар масъалаи тиҷорат Гжегош Кобелетски мулоқот кард. Меҳмон ба ҳамсӯҳбаташ дар бораи фаъолияти Палатаи муштараки Лаҳистону Туркия ва ҳамкории он бо мамлакатҳои дигар маълумот дод. Зикр шуд, ки ҳадафи сафари ӯ густариш додани тиҷорати Лаҳистон бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ мебошад.           Қайд карда лозим аст, ки дар бобати густариш додани муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Лаҳистон қадами аввалин гузошта шуд. Чандин корхонаю ширкатҳои ин мамлакат ба қарибӣ дар шаҳри Душанбе дар намоишгоҳи масолеҳи сохтмон ширкат варзиданд. Ҷониби Лаҳистон изҳор намуд, ки ба гузоштани маблағ ба соҳаҳои истифодаи об, энергетика , сохтмони роҳҳо, мактабҳо , шифохонаҳо ва ғайра дар Тоҷикистон манфиатдор аст.Шариф Саид зикр намуд, ки ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Лаҳистон он қадар зиёд нест. Онро дар натиҷаи кӯшишҳои дуҷониба чандин баробар зиёд кардан мумкин аст. Вай пешниҳод кард, ки бо ин мақсад меморандуми ҳамкорӣ имзо карда шавад.           Г.Кобелетски дар фарҷоми сӯҳбат изҳор намуд, ки моҳи ноябри соли равон барои муҳокимаи меморандуми ҳамкорӣ боз ба Душанбе ташриф меорад.  

Октябрь 4, 2008 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид