РОҲБАРОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР АЗ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ ДАР ПАРЛУМОН &#12

Октябрь 17, 2008 15:44

              Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Имрӯз бори нахуст дар таърихи парлумони Тоҷикистон роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ доир ба иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2008 ҳисобот доданд.             Дар ҷаласае, ки дар палатаи поёнии парлумони мамлакат таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафар Сафаров доир гардид, роҳбарони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва коммуникатсия ва дигар сохторҳои кишвар доир ба самтҳои иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон, хусусан раванди бонизоми рушди иқтисодиёти миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кишвар муфассал ҳисобот доданд.            Бояд тазаккур дод, ки натиҷагирӣ аз амалӣ гардидани Буҷети давлатии нимсолаи ҷумҳурӣ дар сатҳи парлумони кишвар фоли некест аз густариши иқтисодиёт дар мамлакат ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи иқтисодию тиҷоратии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бӯҳронии иқтисодиёти ҷаҳон.

Октябрь 17, 2008 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид