РОССИЯ ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ ИҚТИСОДИВУ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН АСТ
Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Мо умед дорем, ки баргузории сеюмин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия такони ҷиддие мегардад дар рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳар ду кишвар»,- чунин изҳор кард Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадаш дар сеюмин Форуми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ», ки 24 октябр дар Душанбе баргузор гардид. Президенти ҷумҳурӣ ба сатҳи ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Россия баҳои баланд дода, ҷараёни сохтмони НОБ-и «Сангтӯда-1»-ро шаҳодати рушди ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Россия арзёбӣ кард. Сардори давлати Тоҷикистон зикр кард, ки қариб 20 фоизи ҳаҷми муомилоти берунаи Тоҷикистон ва қариб 60 фоизи сармояи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон бо Россия рост меояд. Инчунин, Президенти Тоҷикистон баргузории форуми байнипарлумониро қадами ҷиддие дар рушди ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Россия номида, пешниҳод кард, ки анъанаҳои неку деринаи ҳамкориҳо барқарор карда шаванд. Дар шароити феълӣ , ҷалби сармоягузорони Россия ҷиҳати рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои муҳими иқтисоди мамлакат яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки ҳамкории иқтисодии ҳар ду кишвар мебошад. Аз ин рӯ, Сардори давлати Тоҷикистон аз сармоягузорон, роҳбарони ширкатҳо ва доираҳои тиҷоратии Россия даъват ба амал овард, ки дар мавриди сармоягузорӣ ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон фаъол бошанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






