С. МИРОНОВ АЗ РУШДИ РОБИТАҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӣ ИЗҲОРИ ҚАНОАТМАНДИ КАР
Душанбе, 27 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Федератсияи Россия шарики боэътимоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҳар ду кишвар сол аз сол густариш меёбанд», гуфт зимни мулоқоташ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Сергей Миронов. С. Хайруллоев рушди ҳамкориҳоро самараи неки сиёсати пешгирифтаи сарони ҳар ду кишвар- Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев арзёбӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки нахустин сафари Д. Медведев ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон қадами устуворе гардид дар таҳкими робитаҳои ҳасана. С. Миронов аз сатҳи ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард. Вай баргузории сеюмин Форуми байнипарлумониро дар Душанбе, ки он ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҳар ду кишвар заминаи боэътимод фароҳам хоҳад овард, муҳим арзёбӣ намуд. Дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар бахшҳои гуногун ва густариши муносибатҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуданд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






