САМБОЧИЁНИ ТОҶИК АЗ ҚАҲРАМОНИИ ҶАҲОН БО 5 МЕДАЛ БАРГАШТАНД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Дар шаҳри Тошканд қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасону ҷавонон ба анҷом расид. Самбочиёни тоҷик 5 медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, паҳлавони навраси тоҷик Акмалиддин Каримов дар вазни то 48 килограмм ба унвони қаҳрамонӣ ва медали тилло даст ёфт. Айниддин Қурбонов дар ин вазн байни ҷавонон ҷои дуввумро касб карда, бо медали нуқра мукофотонида шуд. Инчунин, Сулаймон Сулаймонов дар вазни то 74 килограмм байни ҷавонон, Файзиддин Абдуллоев дар вазни то 70 килограмм байни наврасон ва Рашид Раҳимов дар вазни то 75 килограмм миёни наврасон медали биринҷӣ гирифтанд. Дар ин мусобиқот варзишгарон аз 35 кишвар ширкат карданд. Дар ҳисоби даставӣ Русия бо касби 28 медал, аз ҷумла 16 тилло ғолиб шуд. Дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ҷои дуввум ва Беларус ҷои саввумро касб карданд. Тоҷикистон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






