САРШУМОРИ ҲАЙВОНОТ ЗИЁД ШУД

Октябрь 6, 2008 15:00

Душанбе, 6 октябр.(АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Дар Раёсати чорводории Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон-260529 сар, аз ҷумла модагов 137092 сар, бузу гӯсфанд-613677 сар ва парранда 842041 сар зиёд гардидааст. Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирӣ фармони вазорат аз 1 феврали соли 2008 ба тасвиб расонида шудааст. Дар ин муддат дар хоҷагиҳои давлатӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) 18 ҳазору 3 сар гӯсола гирифта шудааст, ки ба ҳар сад сар модагов 39 сар гӯсола рост меояд. Инчунин аз моли майда 278415 сар барраю бузғола гирифта шуд, ки ба 100 сар бузу гӯсфанд 85 сар барраю бузғола рост меояд.

Октябрь 6, 2008 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид