СЕ ҲОДИСАИ КУШТОРИ ЗАН АЗ ҶОНИБИ ШАВҲАРОН
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Дар вилояти Суғд вақтҳои охир ҳодисаҳои аз тарафи шавҳарон дар ҳолати мастӣ ба қатл расонидани занон ба қайд гирифта шуд. Аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки 6 октябри соли ҷорӣ сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт Фаридун Мамадҷонови 28 — сола дар хонааш соати 22 мастомаст бо ҳамсараш Наргиса Мамадҷоноваи 28-сола муноқиша карда, ба сару рӯяш якчанд маротиба задааст. Дар натиҷа Н. Мамадҷонова дар роҳи беморхона вафот кард. Ташхиси тиббӣ нишон дод, ки Н. Мамадҷонова дар натиҷаи шикастани устухони косахонаи сар ва хунрезии асаб ба ҳалокат расидааст. Сокини маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд Илҳом Шарифхоҷаеви 35-сола 7 октябри соли ҷорӣ, соати 10 дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш Анна Владимировнаи 37-сола ҷанҷол карда, ӯро сахт лату кӯб кардааст. Дар натиҷа зан дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Чунин ҳодиса дар ноҳияи Конибодом низ ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҷо шаҳрванд Баҳодур Нӯъмонови 52-сола 6 октябр дар ҳолати мастӣ ҳамсараш Лутфӣ Сангиноваи 50-соларо бо корд ба тарафи чапи қафаси синааш задааст. Л. Сангинова айни ҳол дар беморхона қарор дорад. Нисбати Фаридун Мамадҷонов ва Илҳом Шарифхоҷаев тибқи моддаи 104, қисми 2 ва нисбати Баҳодур Нӯъмонов тибқи моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол онҳо дар ҳабсхонаи муваққатӣ нигоҳ дошта мешаванд. Тафтиши ҷинояти онҳо давом дорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






