СИСТЕМАИ НАВИ БЕҲДОШТИ ВАЗЪИ САНИТАРИЮ ЭКОЛОГИ ВА ОБОДОНИ ТАВЛИД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи 15-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати сеюм баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъалаи рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи вазъи санитарӣ -экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва чораҳои беҳбудбахшидани онҳо дар пойтахт» яке аз масъалаҳои асосии иҷлосия ба шумор рафта, доир ба ин масъала ҳисоботи роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт, инчунин раисони комиссияҳои депутатӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки бо вуҷуди беҳдошти вазъи санитарию-экологӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ ва беҳтар сохтани сифати оби ошомиданӣ дар пойтахт, дар ин самт проблемаю камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, ки онҳо аз сатҳи пасти маърифати санитарию экологии бархе аз сокинони пойтахт ва бемасъулиятии иддае аз масъулини сохторҳои марбутаи соҳа шаҳодат медиҳад. Дар иртибот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷиҳати ҳалли проблемаҳои ҷойдоштаи вобаста ба вазъи санитарию -экологӣ, рафти корҳои ободонӣ ва чораҳои беҳдошти оби ошомиданӣ дар пойтахт ба масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр, аз ҷумла ба сардори раёсати ҳифзи муҳисти зисти пойтахт Баҳром, Маҳмадалиев, сардори Маркази назорати давлатии санитарию -эпидемиологӣ Зиёвуддин Афғонов, сардори корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» Азам Табаров, директори Маркази танзими лоиҳаи обтаъминкунии шаҳр Зайнуллобиддин Кобулиев ва дигар шахсони масъул то 15 декабри соли равон мӯҳлат дод. Дар мавриди роҳи ҳалли худро наёфтани проблемаҳои ҷойдошта, шахсони зикргардида аз вазифаашон сабӯкдӯш карда мешаванд. Ҷиҳати ҳалли проблемаҳои зикрагардида, М.Убайдуллоев ба роҳбарони муассисаҳои мазкур дастур дод, ки системаи нави доимоамалкунандаи вазъи бедошти санитарию экологӣ ва ободониро дар пойтахт тавлид созанд, ки он ҷавогӯи талаботи рӯзафзуни ҷомеаи муосир бошад. Ҳамзамон, Раиси шаҳр бо мақсади баланд бардоштани маърифати санитарию экологии сокинони шаҳр раисони ноҳияҳои пойтахтро супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва дигар сохторҳои марбута ҳар ҳафта дар рӯзҳои истироҳатӣ дар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт доир ба тозагию ободонии пойтахт вохӯрию мулоқот ороста, корҳои тарғиботиро дар ин самт вусъат бахшанд. Дар иҷлосия ҳамчунин ба масъалаҳои риояи танзими ҷашну оинҳо дар пойтахт, омодагӣ ба мавсими зимистон, аз байн ва мубориза бурдан бо баъзе зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла, равияҳои мазҳабию динӣ, ки ба тафаккуру ҷаҳонбинии хусусан ҷавонони пойтахт таъсири манфӣ расонида, боиси халалпазирии ваҳдати миллӣ мегарданд, дахл карда шуд. Дар робита, Раиси шаҳр ҷиҳати таҳкими муборизаи оштинопазир бо ин зуҳурот ва тақвияти волоияти қонун дар шаҳр ба роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи пойтахт супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод. Дар иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин як қатор қарорҳои Раиси шаҳр тасдиқ гардиданд.








Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд






