ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ РӮҲӢ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – 10 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи саломатии рӯҳӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар бинои нашриёти «Шарқи озод» нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад. Дар доираи Рӯзҳои ҳифзи саломатии рӯҳӣ дар саросари ҷумҳурӣ тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ин тадбирҳо бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони умумибашарии саломатии рӯҳӣ, Маркази саломатии рӯҳӣ ва Маркази пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД ва созмонҳои дигар баргузор мегарданд. Ҳадафи асосии Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи саломатии рӯҳӣ огоҳ намудани одамон аз бемориҳои хавфноки рӯҳу асаб, пешгирӣ ва табобати онҳо мебошад. Бемориҳои ташаннуҷи рӯҳӣ, фаромӯшхотирӣ, шизофрения, бемории Алтсгеймер, нашъамандӣ, саръ ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Дар ҷараёни ин ҷамъомадҳо роҷеъ ба масъалаҳои табобати бемориҳои рӯҳӣ, дар муассисаҳои махсуси тиббӣ нигоҳ доштани онҳо ва расондани кӯмакҳои гуногун ба шахсони бемор маълумот дода мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи саломатии рӯҳӣ аз соли 1992 бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии саломатии рӯҳӣ таҷлил карда мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






