ТАҶРИБАИ МУСБАТИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА
Душанбе, 2 октрябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2008 бо мақсади назорати иҷрои қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд 3044 санҷиш гузаронида, барои барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоршуда 16976 ҳуҷҷат тартиб доданд. Дар натиҷа 11005 нафар шахси гунаҳкор ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуданд. Инчунин, дар натиҷаи тафтиш 691 парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, 372 гов, 2652 сар бузу гӯсфанд ва 30 сар асп рӯёнида шуд. Маблағи рӯёндашудаи зарари моддӣ, пардохти ҳар гуна қарзҳо, аз ҷумла қарзҳои андоз, бақияпулиҳо, андозҳои пинҳон ва камкардашуда 41 миллиону 743 ҳазору 126 сомонӣ; боҷу хироҷи гумрук 4 миллиону 225 ҳазору 171 сомонӣ; даромади саҳмияҳои давлат, қарзҳои аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ бавуҷудомада 8 ҳазору 868 сомонӣ; пардохти иҷтимоӣ 5 миллиону 654 ҳазору 153 сомонӣ маблағҳои дигар, аз ҷумла, боҷи давлатӣ, ҷаримаҳои маъмурӣ ва дар рафти санҷишҳо ва тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноии барқароршуда 1 миллиону 865 ҳазору 578 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб дар давоми ним сол 53 миллиону 654 ҳазору 896 сомонӣ маблағ ҷамъ оварда шуд. Инчунин, ба судҳои иқтисодӣ 88 даъво ба маблағи зиёда аз 27 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуд, ки аз он 58 даъво ба маблағӣ 23 миллиону 531 ҳазору 265 сомонӣ қонеъ гардонда шуд. Ба судҳои дигар 1126 даъво ба маблағи зиёда аз 22 миллион сомонӣ пешниҳод гардида, 809 даъво ба маблағи 18 миллиону 243 ҳазор сомонӣ қонеъ гардонда шуд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






