ТАБРИКИ ТАРБИЯГИРАНДАГОНИ ХОНАИ БАЧАГОНИ ШАҲРИ ШӮРОБ БА МУНОСИБАТИ ИДИ РАМАЗОН
Исфара, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – Кормандони Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба шарафи иди Рамазон ба тарбиягирандагони хонаи бачагони рақами 1 — уми шаҳри Шӯроб ширинӣ, воситаҳои тамизкунанда, асбобу анҷоми хатнависӣ ва бозичаҳо тӯҳфа намуданд. Дар ин ҷо 41 нафар кӯдак парвариш карда мешавад, ки дар давоми як шабонарӯз бо чор вақт хӯроки гарм таъмин мебошанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои расондани кӯмак ба хонаи бачагони мазкур аз буҷети маҳаллӣ низ маблағ ҷудо карда мешавад. Хонаи бачагона хати алоҳидаи интиқоли барқ дошта, бо қувваи барқ пурра таъмин карда шудааст. Иҷрокунандаи вазифаи директори хонаи бачагона Ирина Ғаниева зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони он дар ҷавоби ғамхориҳои давлату ҳукумат ва созмонҳои гуногун бачагонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ тарбия хоҳанд кард. Мо кӯшиш мекунем, ки тарбиягирандагони хонаи бачагон ба камол расида, дар ободии мамлакат саҳми арзанда гузоранд, зикр кард И.Ғаниева.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






