ТАБРИКОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РЎЗИ ФАЛАК
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи Фалак Ҳамватанони азиз! Санъати мусиқии халқи тоҷик таърихи бостонӣ ва рангину пурғановат дорад. Имрўз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии муосиронро сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ганҷинаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдўсти мо ёдгор мондаанд. Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ, аз ҷумла беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рўҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мо намунаву суннатҳои беҳтарини адабиёт ва фарҳангу ҳунари хешро арҷгузорӣ ва эҳтиром мекунанд. Ин далели он аст, ки қофилаи шеъру мусиқӣ ҳамвора баёнгари тақдир ва таҷассумгари зиндагии халқи тоҷик дар шебу фарозҳои зиндагӣ мебошад. Мусиқӣ дар тўли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ, зимни вижагиҳою рангомезии лаҳнияш аз замони бостон то кунун иҷро кардааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки маҳфуми Фалак ифодагари осмон, кайҳон, сипеҳру афлок, гардун, гардиши рўзгор, сарнавишт ва амсоли ин будааст. Ин ҷост, ки имрўз жанри мусиқии классикии Фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст. Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумўи жанру мўҳтавои он кўшиш намоем. Мардуми шарифи Тоҷикистонро бо Рўзи Фалак табрик гуфта, ба тамоми аҳли фарҳангу ҳунар дар ҷодаи эҷоди асарҳои баландмазмуну ҷолиб дастовардҳои беназир орзу менамоям. Бигзор ворисони Фалакро садои гўёи фалак раҳнамоӣ намояд ва чароғи қалби ҳаводорону офарандагони ин санъати нафису тавоно доимо фурўзон бошад!








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид






