«ТОҶИКМАТЛУБОТ» БА БУҶЕТИ ҶУМҲУРИ 3,1 МИЛЛИОН СОМОНИ НИСБАТ БА СОЛИ ГУЗАШТА
Душанбе, 21 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар нӯҳ моҳи соли равон Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба буҷети ҷумҳурӣ назар ба ҳамин давраи соли 2007 ба маблағи 3,1 миллион сомонӣ зиёд маблағ ворид гардонистааст ва ҳаҷми умумии он ба 11,2 миллион сомонӣ расонида шуд, зикр кард муовини аввали раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Тӯхтабой Маҳмудов 21 октябр, зимни нишасти матбуотӣ. Ӯ қайд кард, ки дар ин муддат ба 2521 адад мағоза ва 563 муассисаҳои хӯроки умумӣ ба аҳолӣ хизмат намуданд. Ҳаҷми умумии муомилоти чаканаи мол 70,4 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 18,9 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ ба 55,6 миллион сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 20,3 миллион зиёд аст. Маврид ба зикр аст, ки дар ин муддат 6267 тонна сабзавот, 3511 тонна картошка, 479 тонна гӯш, 3063 тонна маҳсулоти ғаллагӣ, 538,3 ҳазор донна тухм, 740 тонна меваи тар, 274,9 тонна шир ва маҳсулоти ширрӣ, 449 тонна маҳсулоти полезӣ ва 54,8 тонна чормағз захира шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






