ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БА БИШКЕК МЕРАВАД

Октябрь 7, 2008 16:47

       Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойахмедова).- Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 8 октябр барои иштирок дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ ба пойтахти Қирғизистон — Бишкек меравад, ки дар арафаи маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки 10 октябр дар шаҳри Бишкек маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ва Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия гузаронида мешаванд. Сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи Иттиҳод, беҳтар сохтани фаъолияти он, ҳамкории давлатҳои Иттиҳодро дар ҳалли масъалаҳои сарҳадию байниминтақавӣ амният ва энергетика муҳокима мекунанд. Дар маҷлиси Шӯрои байнидавлатии Ҷомеаи иқтисодии Евразия масъалаи ташкили Иттифоқи гумрукҳо ва фазои воҳиди иқтисодии мамлакатҳои аъзои созмон баррасӣ карда мешавад. Сарони давлатҳо инчунин нақшаи тадбирҳоро барои солҳои 2008-2010 ва солҳои оянда дар масъалаи амалӣ сохтани нақшаҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷомеаи иқтисоди Евразия тасдиқ хоҳанд кард.

Октябрь 7, 2008 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид