ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА БУҶАИ ДАВЛАТ ЗИЁДА АЗ 13 МИЛЛИОН СОМОНИ ВОРИД НАМУД

Октябрь 23, 2008 16:38

              Душанбе 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Раёсати асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ вобаста ба масъалаҳои ба қайд гирифтани ҳолати шаҳрвандӣ дар нӯҳ моҳи соли равон 302 ҳазору 766 санадро ба қайд гирифтааст. Ин нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ба хабарнигорон зикр кард.              Ӯ афзуд, ки аз ин шумора 114 ҳазору 716 сабти таваллуд, 72 ҳазору 175 сабти ақди никоҳ ва 5 ҳазору 885 -тои дигар иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ мебошад. Маълумоти мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазору 142 санад зиёд ба қайд гирифта шудааст.            Қобили қайд аст, ки дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ вазорати адлия ва сохторҳои тобеи он ба буҷаи ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 13 миллиону 950 ҳазору 583 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид кардаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5 миллиону 15 ҳазору 686 сомонӣ зиёд аст.  

Октябрь 23, 2008 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд