ВОҲИДҲОИ ҲИФЗИҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ИДМ ҲАМКОРИ&#

Октябрь 22, 2008 15:38

               Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — 16 октябри соли равон дар шаҳри Москва ҷаласаи якуми Кумитаи сарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии мақомоти гумруки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.               Дар ҷаласаи мазкур роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқии Хадамоти гумруки Озорбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, инчунин, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ , Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Маркази зидди терористӣ, Бюро доир ба ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳо, Хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қувваҳои сарҳадӣ ва Шӯрои роҳбарони мақомоти бехатарӣ ва Хадамоти махсус иштирок намуданд.                Вазифаи асосии Кумита ҳамоҳангсозии амалиётҳои Хадамоти гумрук доир ба мубориза бар зидди қочоқ дар фазои гумруки иттиҳод мебошад. Роҳбарони хадамоти гумрук ҳамфикр буданд, ки таъсири мақоми дастҷамъии роҳбарони воҳидҳои ҳифзиҳуқуқӣ ба инкишофи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо такон дода, барои интенсификатсияи робитаҳои байниидоравӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ имкониятҳои иловагӣ фароҳам меорад.                Дар доираи вохӯрӣ қайд гардид, ки дар аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти гумруки Русия 3450 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Арзиши умумии молу воситаҳои нақлиёти маърази ҷиноятҳо қароргирифта зиёда аз 13 миллиард рублро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳангоми оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ба маблағи 124 миллион пул маснуотӣ заргарӣ гирифта шудааст. Аз муомилоти ғайриқонунӣ ба маблағи зиёда аз 9 миллион доллари амрикои маблағҳои пулии хориҷӣ гирифта шудааст.               Доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба интиқоли ғайриқонунии обеъктҳои дорои арзишҳои фарҳангию таърихӣ чорабиниҳо гузаронида мешавад. Аз ҷониби мақомоти гумрук қариб 24 ҳазор адад ашёҳо ба таври ғайриқонунӣ интиқолдодашудаи марбут ба осорҳои таърихӣ дастгир карда шуд.               Мақомоти гумрук бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия, Олмон, ИМА, Туркия ва давлатҳои иштирокчии ИДМ ҳамкории мутақобила доранд. Дар соли равон аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 1,2 тонна маводи нашъаовар, аз ҷумла 500 килограм героин, 230 килограм гашиш, 43 килограм афюн ва 35 килограм кокоин гирифта шудааст.    Ҳамчунин пеши роҳи кӯшиши интиқоли ғайриқонунии зиёда аз 8 тонна прекурсорҳо гирифта шудаанд.Агар дар соли 2006 аз ҷониби мақомоти гумрук дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯи аз рӯи ҳолатҳои қочоқ, 59 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда бошад, пас дар соли 2007 221 парвандаи ҷиноятӣ ва дар нӯх моҳи соли 2008 алакай 171 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.               Иштирокчиёни вохӯрӣ дар ҷаласаи аввала қаблан гузаронидашуда бо як овоз нақшаи кори Кумитаро барои дурнамои миёнамӯҳлат тасдиқ карда, ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолияти КСВҲ — ро мутобиқ сохтанд, инчунин механизми аз ҷониби Кумита татбиқ гардидани функсияи асосиаш ҳамоҳангсозии амалҳои мақомоти гумрук доир ба мубориза бар зидди қочоқ дар фазои гумрукии Иттиҳодро таҳия намуданд.                Дар назар аст, ки ҷаласаи дуюми КСВҲ дар нимсолаи аввали соли 2009 дар шаҳри Бокуи Озорбойҷон баргузор мегардад.

Октябрь 22, 2008 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд