ВУСЪАТЁБИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИНТИҚОЛИ МАБЛАҒҲОИ «БЫСТРАЯ ПОЧТА»
Душанбе, 30 октября. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар Душанбе семинари хизматрасонии интиқоли маблағҳои «Быстрая почта» баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории он мубодилаи таҷриба дар соҳаи амалигардонии интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб байни Россия ва давлатҳои ИДМ буд. Барои иштирок дар семинар мизоҷони бонк — шахсони воқеие, ки аз хизматҳои интиқоли маблағҳо истифода менамоянд, кормандони масъули ҶСК «Ориёнбонк» дар шахсияти коркунони идораи ҳисобот ва назорати интиқоли маблағхо, шӯъбаи интиқоли маблағҳои бонк ва операторони филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппа даъват шуда буданд. Дар доираи семинар, бо маърӯзаҳои худ оиди ҷиҳатҳои гуногуни фаъолият ва вусъатёбии хизматрасонии интиқоли маблағҳои «Быстрая почта» роҳбари гурӯҳи коркард ва идораи маҳсулоти ҶСП «Райффайзенбанк» — Дмитрий Кириллов ва роҳбари гурӯҳи интиқоли маблағҳои ҶСП «Райффайзенбанк» — Сергей Нестеров баромад намуданд. Намояндагони низоми мазкур инчунин маълумот оиди қадамҳои нави креативӣ баҳри тараққиёти хизматрасонии «Быстрая почта» ба ҳозирин пешкаш намуданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






