10 ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ДАР 10 МОҲ

Ноябрь 19, 2008 10:57

      Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз аввали сол то имрӯз ба Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ 69 аризаи довталабон барои гирифтани иҷозатнома ворид гардидааст.  Ҷиҳати иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дар давраи даҳ моҳи соли 2008 10 маротиба ҷаласаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ гузаронида шуд. Дар он 69 ариза баррасӣ шуда, ба 54 довталаб, аз ҷумла барои фаъолияти хизматрасонии хадамоти телематикӣ (35 адад), барои хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IP- телефония — 4 адад), барои хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IP- телефония тавассути шабакаи операторон — 3 адад), барои банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани хатҳои алоқа — 8 адад), барои васлкунӣ, воридот ва ба истифода додани ВРЭ — (3 адад), барои хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ (1 адад) иҷозатнома дода шуд.  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти мазкур иттилоъ доданд, мӯҳлати амали 11 адад иҷозатнома, тамдид карда шуданд.         Мӯҳлати амали 33 адад иҷозатнома бо сабаби риоя нагаштани талабот, аз ҷумла пешниҳод накардани ҳисоботи молиявию оморӣ муваққатан боз дошта шудааст. Инчунин амали 13 адад иҷозатнома бо сабаби фаъолият накардан қатъ карда шуд.        Айни замон дар асоси иҷозатномаи Хадамот 103 субъекти ҳоҷагидор дар соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 фоиз зиёд аст. Теъдоди иҷозатномаҳои амалкунанда 218 ададро ташкил медиҳад ва ин ҳам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд аст. Аз ҳисоби иҷозатномаҳои амалкунанда 183 адад ба субъектҳои ҳоҷагидори шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 28 адад ба вилояти Суғд, 7 адад ба вилояти Хатлон рост меояд.       Хадамот ҷиҳати таъмини талаботи меъёриву ҳуқуқӣ оид ба сертификаткунонӣ дар соҳаи алоқа Низомнома оид ба системаи сертификаткунонии воситаҳои алоқаи барқиро таҳия намуд. Низомнома аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия тасдиқ шудаст. 

Ноябрь 19, 2008 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид